Ба гузориши агентсии хабаргузорӣ, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ дар саҳифаи шахсии худ ва дар посух ба изҳори нигаронии сухангӯи СММ дар бораи он чизе ки «бархӯрди низомӣ» ва ҳамлаҳои Эрон бар зидди кишварҳои минтақа ва киштиҳо тавсиф кардааст, дар шабакаи X навишт:
«Ҷаноби сухангӯ! Ин вазъият "бархӯрди низомӣ" нест, балки идомаи таҷовузи ошкори низомиест, ки аз 28 феврал тавассути Амрико ва режими сиёнистӣ бар зидди Эрон оғоз гардид.
Эрон ба ҷое ҳамла накардааст; зарбаҳои Эрон бар зидди пойгоҳҳо ва дороиҳои низомии тааллуқ ба Амрико, ки дар соҳили ҷанубии Халиҷи Форс ҷойгиранд, амалигардонии ҳуқуқи табиии дифоъи машрӯъ мувофиқи ҳуқуқи байналмилал мебошад.
Шумо бояд аз кишварҳое, ки қаламрав ва пойгоҳҳои худро дар ихтиёри Амрико мегузоранд, бихоҳед, ки монеъ аз истифодаи Амрико аз қаламравони онҳо барои тайёрии ҳамла ба Эрон шаванд.
Ғайримасъулиятӣ аст, ки ба ҷои посуххоҳ кардани таҷовузкорон ба хотири вайронкунии ашаддии ҳуқуқи байналмилал, Эронро ба хотири дифоъ аз худаш сарзаниш кунед.
Зимнан унвони дуруст, "Халиҷи Форс" аст; лутфан дастурҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла баённомаҳои 18 августи 1994 ва 14 майи 1999, ки истифодаи номи пурраи "Халиҷи Форс"-ро ҳатмӣ медонанд, риоят кунед.»
Your Comment